Дарёфти ҷасади Мадинаи гумшуда аз ҳоҷатхона

Май 22, 2014 11:54

Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Ҷасади Мадина Саидқосимова, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе аз дохили ҳоҷатхонаи хонаашон ёфт гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов хабар дод. Манбаъ иттилоъ дод, ки шаби 21-уми май соати 20:20 дақиқа аз кормандони ШКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар расид, ки ҷасади Мадина дар дохили ҳоҷатхона пайдо гардидааст. Бо гирифтани маълумоти фаврӣ дастаи зудамали наҷотдиҳӣ иборат аз 9 нафар ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади Мадинаро аз даруни ҳоҷатхонаи хонаашон, ки чуқуриаш 7 метрро ташкил медод, бароварда, ба мақомоти дахлдори ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд.Мадина Саидқосимова, сокини маҳаллаи “Нагорний”-и шаҳри Душанбе 30 апрели соли ҷорӣ бедарак гардида буд ва ҳамаи наздикону пайвандонаш дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор ба кофтуков машғул буданд.

Май 22, 2014 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад