Дастрасӣ ба маблағгузории сабз

Май 19, 2014 11:53

      Душанбе, 19.05.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-  Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи „Дастрасӣ ба маблағгузории сабз“ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро баррасӣ намуда, ба тасвиб расонад. Ин ва дигар масъалаҳо имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, баррасӣ шуданд.
     Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», 
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи алоқаи почта» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро муҳокима намуда, ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.

Май 19, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик