Дастрасӣ ба маблағгузории сабз
Душанбе, 19.05.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи „Дастрасӣ ба маблағгузории сабз“ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро баррасӣ намуда, ба тасвиб расонад. Ин ва дигар масъалаҳо имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, баррасӣ шуданд.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»,
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи алоқаи почта» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро муҳокима намуда, ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






