Дастури нави шаҳрдорӣ вобаста ба маросими «Ҳаҷ-2014»
Душанбе, 20.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе дар ҷараёни ҷаласа ба масъулини сохторҳои марбута ва комиссияи ҷамъиятии вобаста ба мавсими Ҳаҷ-2014 дастур додааст, ки дар соли равон ҷиҳати тавофи Хонаи Худо нафаронеро фиристонанд, ки бо вуҷуди дар навбат истодан боре ҳам ба Ҳаҷ нарафтаанд. Хусусан ба он шахсоне афзалият дода шавад, ки дар корҳои ҷамъиятии пойтахт фаъолона ширкат менамоянд. Ба мисли раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат ва нафароне, ки дар озмунҳои касбии шаҳрӣ ширкат намуда, ғолиб баромадаанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба соҳаҳои мухталифи пойтахт- таъмини амнияти истеъмолии сокинон, вазъи санитарию экологӣ, хизматрасонии коммуналӣ, таъмири роҳҳо, сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҷамъоварии андоз ва омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон матраҳ гардида, дар ин самт М. Убайдуллоев ба масъулини сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






