Дастури шаҳрдорӣ ба муовинонаш ва раисони ноҳияҳо

Май 16, 2014 16:55

          Душанбе, 16.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- То 31 августи соли равон вохӯрии муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони чор ноҳияи пойтахт бо сокинони ноҳияҳои шаҳр баргузор мегардад. Дар иртибот  ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе ба муовинонаш  ва раисони чор ноҳияи пойтахт дастур додааст. Вохӯрӣ дар робита ба таҷлили сазовори ҷашни 90-солагии Душанбе, ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он ҳамзамон масъулини сохторҳои мухталифи шаҳрӣ, дастгоҳи раиси шаҳр ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот иштирок менамоянд.
      Вохӯриҳо тибқи нақша рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа бо сокинони кӯчаю маҳаллаҳо гузаронида мешаванд. Дар он масоили марбут  ба рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт, тақвияти омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии Душанбе, таҳлили дастовардҳои меҳнатию фарҳангӣ, ободию озодагии ҳар як хонадону маҳалла ва шаҳрак, инчунин иштироки фаъоли шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар тарҳрезию амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии  шаҳр ва ҳалли дигар камбудию норасоиҳое, ки дар пойтахт вуҷуд доранд, матраҳ мегарданд. 
   Тибқи нақшаи тасдиқгардида,  Насрулло Хайруллоев- муовини аввали раиси шаҳр бо сокинони калонтарин ноҳияи пойтахт -ноҳияи Сино, муовинони дигари раиси шаҳр Руқия Қурбонова, Низом Ҳакимов ва Ҷамшед Мансуров бо сокинони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ  мулоқот мегузаронанд.

Май 16, 2014 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад