Даъват шудани М. Убайдуллоев ба Покистон

Май 27, 2014 10:21

 
Душанбе, 27.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Рушди   муносибатҳои байнипарлумонӣ ҳамчун институти комили низоми давлатдории муосир барои тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Покистон   нақши беназир дорад». Ин матлабро Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Сардор Аёз Содиқ- раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон иброз дошт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки ин сафар дар густариши муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар хусусан тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
  Мусоҳибон ҳамзамон масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои ҳасанаи Душанбеву Исломободро дар бахшҳои гидроэнергетика, хусусан татбиқи лоиҳаи «CASA-1000»,  саноати сабук, коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг бо истифода аз имкониятҳои парлумонҳо баррасӣ намуданд.
  Бо дахли масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ М. Убайдуллоев зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Покистон ҳамчун узви Иттиҳоди зидди¬тер¬ро¬рис¬тӣ дар таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон саҳми назаррас гузошта, дар мубориза бар зидди  гардиши ғай¬риқонунии маводи мухаддир метавонанд тадбирҳои таъхирнпазир ан¬дешанд.
Зикр шуд, ки марҳилаи имрӯзаи муносибатҳо татбиқи як зумра лоиҳаҳои муштаракро талаб менамояд. Хусусан бунёди роҳи мошингард бо баромадан ба бандари Қарочӣ ба афзоиши гардиши мол ва рушди тиҷорати хурду бузург шароит фароҳам оварда, ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ ба рушди иқтисодиёти ҳарду кишвар заминаи босазо хоҳад гузошт. 
Сардор Аёз Содиқ- раиси Ассамблеи миллии Покистон изҳор дошт, ки Покистон омода аст барои татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд қадамҳои устувор гузорад. Дар фарҷом Сардор Аёз Содиқ аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Покистон боздид намояд.
 

Май 27, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад