Даъват шудани М. Убайдуллоев ба Покистон
Душанбе, 27.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ҳамчун институти комили низоми давлатдории муосир барои тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Покистон нақши беназир дорад». Ин матлабро Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Сардор Аёз Содиқ- раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон иброз дошт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки ин сафар дар густариши муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар хусусан тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Мусоҳибон ҳамзамон масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои ҳасанаи Душанбеву Исломободро дар бахшҳои гидроэнергетика, хусусан татбиқи лоиҳаи «CASA-1000», саноати сабук, коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг бо истифода аз имкониятҳои парлумонҳо баррасӣ намуданд.
Бо дахли масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ М. Убайдуллоев зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Покистон ҳамчун узви Иттиҳоди зидди¬тер¬ро¬рис¬тӣ дар таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон саҳми назаррас гузошта, дар мубориза бар зидди гардиши ғай¬риқонунии маводи мухаддир метавонанд тадбирҳои таъхирнпазир ан¬дешанд.
Зикр шуд, ки марҳилаи имрӯзаи муносибатҳо татбиқи як зумра лоиҳаҳои муштаракро талаб менамояд. Хусусан бунёди роҳи мошингард бо баромадан ба бандари Қарочӣ ба афзоиши гардиши мол ва рушди тиҷорати хурду бузург шароит фароҳам оварда, ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ ба рушди иқтисодиёти ҳарду кишвар заминаи босазо хоҳад гузошт.
Сардор Аёз Содиқ- раиси Ассамблеи миллии Покистон изҳор дошт, ки Покистон омода аст барои татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд қадамҳои устувор гузорад. Дар фарҷом Сардор Аёз Содиқ аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Покистон боздид намояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






