Дави миллӣ бо кормандони АНМН
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар баробари 20 ҳазор сокину меҳмони пойтахт дар Рӯзи дави миллӣ иштирок намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ иттилоъ доданд, иштирокчиёни дав масофаи 10 километрро аз постгоҳи “Чорбоғ”-и ноҳияи Варзоб то Наврӯзгоҳи пойтахт тай намуданд. Чорабинӣ аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд.
Хотиррасон менамоем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дави миллӣ аз соли 2005 то инҷониб қайд мешавад. Чорабинӣ бо мақсади оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш гузаронида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






