ДДХ- ғолиби «Андалеб-2014»
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар доираи таҷлили 20-солагии Рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври ниҳоии фестивал- озмуни «Андалеб-2014» дар байни муассисаҳои олии вилоят баргузор гардид.
Бино ба иттилои сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод, дар он 12 барномаи фарҳангии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, аз қабили суруди ҳамсароёни бисёровоза, табрикоти дастаи ҳунарӣ, навозиши умумӣ — дар васфи чаман, намоиши либосҳои қадимаи миллӣ, суруди якка бо номи «Ватан», байтбарак, рақси якка, суруди анъанавӣ «Ушшоқи Калон», бадеҳа, навозиши якка «Навои кӯҳсор», суруди ҳаҷвӣ, сюитаи овозию рақсӣ- « Тоҷикистон» бо санъати баланд намоиш дода шуд.
Ҳакамон ба ин барномаи фарҳангӣ 114 хол доданд, ки баландтарин баҳо байни дигар муассисаҳои олиии вилоят маънидод гардид. Ба чор баромади ин барнома роҳхат барои иштирок дар фестивал-озмуни вилоятии «Андалеб-2014» дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






