ДДХ- ғолиби «Андалеб-2014»

Май 19, 2014 11:06

 
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар доираи таҷлили 20-солагии Рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври ниҳоии фестивал- озмуни «Андалеб-2014» дар  байни муассисаҳои олии вилоят   баргузор гардид. 
Бино ба иттилои сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод, дар он 12 барномаи фарҳангии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, аз қабили суруди ҳамсароёни бисёровоза, табрикоти дастаи ҳунарӣ, навозиши умумӣ — дар васфи чаман, намоиши либосҳои қадимаи миллӣ, суруди якка бо номи  «Ватан», байтбарак, рақси якка, суруди анъанавӣ «Ушшоқи Калон», бадеҳа, навозиши якка «Навои кӯҳсор», суруди ҳаҷвӣ, сюитаи овозию рақсӣ- « Тоҷикистон»  бо санъати баланд намоиш дода шуд. 
Ҳакамон ба ин барномаи фарҳангӣ 114 хол доданд, ки баландтарин баҳо байни дигар муассисаҳои олиии вилоят маънидод гардид. Ба чор баромади ин барнома роҳхат барои иштирок дар фестивал-озмуни вилоятии «Андалеб-2014» дода шуд.
 
 

Май 19, 2014 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд