Дуздии молу амвол аз ҷониби ноболиғон

Май 19, 2014 14:20

Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дирӯз аз ҷониби кормандони милитсия чанд далели ҷинояти дуздӣ аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ба мақомоти милитсия шаҳрванд Ширинмоҳ Ашӯрова, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шӯрообод муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми май шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз дохили ҷевон як адад телефони мобилии тамғаи «Эксплей» ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 2900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони дуздӣ ноболиғи 15-сола, сокини ҳамин ноҳия, хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти миёна дастгир шуд. Аз номбурда далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд.  
Ҳамчунин сокини пойтахт Абдулазиз Исмоилов, соли таваллудаш 1962 дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2014 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди ҳавлии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 12 адад кабӯтарро, ки арзиши умумиашон 4000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар ноболиғи 16 ва 13-сола, хонандагони синфҳои 10 ва 6-и мактабҳои таҳсилоти миёнаро дастгир намуданд.
Ҳамин тариқ, зимни як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯии дигар аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 17 ва 15-сола, хонандагони синфҳои 10 ва 6-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи пойтахт ба гумони дуздӣ дастгир шуданд. Дастгиршудагон, рӯзи 16 майи соли ҷорӣ аз дӯкони савдои бозори «Ганҷина», ки ба соҳибкор  Раҳматшо Одинашоев, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, як адад видеокамера ва ду адад телефони мобилии тамғаи «Nokia»-ро, ки арзиши умумиашон 1250 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур маводи лозимӣ тартиб дода шуда, дар  айни замон тафтиш идома дорад.

Май 19, 2014 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад