Эъломияи конфронс қабул хоҳад гашт
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар конфронси илмию амалии байналмиллалии «Созмони ҳамкории Шанхай ва таъмини амнияти минтақавӣ: масъала ва дурнамо» пеш аз ҳама масъалаҳои амнияти минтақа, инчунин як силсила масъалаҳои иқтисодӣ, нақлиёт, обу энергетика низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар конфронс аз 14 мамлакати дунё меҳмонон иштирок доранд, ки онҳо олимон ва коршиносони давлатҳои аъзои созмон-Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кишварҳои нозири созмон-Афғонистон Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Муғулистон ва шарикони муколамаи созмон Беларус, Туркия ва Шри — Ланка мебошанд. Иштирокчиёни конфронс ду рӯз бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, мавқеи худро нисбат ба ояндаи СҲШ муайян хоҳанд намуд»,-гуфт Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Хотиррасон мекунем, ки Конфронси илмию амалии байналмилалӣ аз 14 то 15 май дар шаҳри Душанбе гузашта истодааст. Имрӯз иштирокчиёни конфронс масъалаи «Созмони ҳамкории Шанхай ва истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро муҳокима хоҳанд кард. Намояндагони Тоҷикистон, Афғонистон ва Русия мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро доир ба ин масъала иброз менамоянд.
«Дар фарҷоми конфронс иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро ҷамъбаст намуда,барои баррасӣ ба сарони давлатҳои СҲШ, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе бо раисии Тоҷикистон баргузор мегардад, пешниҳод мекунанд»,- афзуд Сайфулло Сафаров.
Дар доираи нишаст дар назар аст, ки Консепсияи рушди СҲШ то соли 2025 бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои созмон мавриди баррасии ибтидоӣ қарор дода шавад ва ҳамчунин бо иштироки онҳо Эъломияи конфронс қабул мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






