Фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ санҷида шуд
Душанбе, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадори шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Ҷомӣ, Вахш, Қумсангир, Панҷ ва Шаҳритуси вилояти Хатлон мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Аз 24 апрел то 2-юми майи соли ҷорӣ фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳру ноҳияҳои мазкур санҷида шуда, инчунин ҳолати таъминот ва дастрасии аҳолии минтақа бо маводи дорувории нашъадору психотропӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба масъулин кӯмаки амалӣ расонида шуд.
Дар нуқтаи гузаргоҳи гумрукии «Панҷи Поён»-и ноҳияи Қумсангир баҳри пешгирии қочоқи прекурсорҳо семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






