ФФТ «Равшан»-ро қисман сарпарастӣ мекунад
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).- Федератсияи футболи Тоҷикистон сарпарастии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро қисман ба уҳда гирифтааст. Ёдовар мешавем, ки Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан»-и Кӯлоб мегӯяд, то пайдо шудани сарпарасти нав, Федератсияи футболи Тоҷикистон маоши бозингарони дастаро пардохт хоҳад кард. Дастаи «Равшан» -ро то кунун ширкати «Ҳоҷӣ Шариф» сарпарастӣ мекард ва муддати ду соли охир чемпиони Тоҷикистон низ буд.
«Ҳоло мо дигар ягон легионер надорем ва бо бозингарони худ кор мекунем. Бовар дорем, ки онҳо дар оянда бозингарони хуб мешаванд. Ногуфта намонад, ки дар ояндаи наздик соҳиби сарпараст ҳам мешавем, аммо ҳоло Федератсия моро сахт дастгирӣ мекунад. Дар ҳамин вазъияти бесарпарастӣ, аз ин дида дигар кумаки бузург намешавад», — мегӯяд Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан».
Дастаи футболи «Равшан» сермухлистарин даста буд, ки дар чанд моҳи охир бинобар бе сарпараст мондан тақрибан дар ҳамаи бозиҳояш бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд. Ҳафтаи гузашта ин даста аз рақиби суннатии худ-«Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 9:1 шикаст хӯрд.
Ҳамин тавр, чанд тан аз бозингарони дастаи “Равшан” бо сабаби мушкилоти молӣ тарки ин даста карданд ва ҳатто ҳамлагари асосиаш Девид Мауто ба ҳайати дастаи “Истиқлол” гузашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






