Г. Бердимуҳаммедов Ш. Зуҳуровро ба Ашқобод даъват кард

Май 6, 2014 10:21

Душанбе, 6.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Ташрифи Шумо, ба Тоҷикистон дар таърихи навини муносиботи Тоҷикистону Туркманистон саҳифаи наверо боз карда, ба рушди босубот, дӯстию бародарии устувори халқҳои ҳар ду кишвар мусоидат менамояд». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов- Президенти Туркманистон баён кард. Дар ҷараёни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн- тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳамкориҳои парлумонӣ ва вазъи минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ зимни сафари расмии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон аз густариши муносибатҳои гуногунсоҳаи ҳар ду кившар шаҳодат медиҳад. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки дар баробари рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон, тавофуқи мавқеъҳоямон, дар масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, дастгирии тарафайни ташаббусҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инъикосгари тақвияти равобити ҳасанаи Душанбеву Ашқобод аст. Дар ин ин росто бояд ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият дода шаванд, таъкид кард Ш. Зуҳуров. Умедворем, ки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар ин росто фаъол хоҳанд шуд, хусусан дар самти таҳкими заминаи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои байнидавлатӣ, иҷрои шартномаю созишномаҳои имзошуда. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз натиҷаи сафараш ба кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки баланд гардидани нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ самараи талошҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва парлумони ин кишвар аст. Меҳмони олиқадр афзуд, ки имрӯз фурсати муносиб барои анҷоми фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистону Туркманистон фаро расидааст. Сармоягузорони ду кишвар метавонанд аз тарҳҳои муштарак истифода намуда, барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ саҳми муносиб гузоранд. Мусоҳибон зимни мулоқот аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ карда, ҳамзамон бар зарурати густариши ҳарчи бештари ин равобит таъкид карданд.Дар фарҷоми мулоқот Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Туркманистон дидан намояд. Ин даъват бо самимият пазируфта шуд.

Май 6, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд