Гиромидошти хотири шоири бузург

Май 3, 2014 10:17

Турсунзода, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дирӯз дар шаҳри Турсунзода бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири бузурги миллат, ки бо ашъори диловезаш дар кулли ҷаҳон машҳур аст, устод Мирзо Турсунзода ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Дар ҷамъомад раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоалӣ Табарзода, вакили Маҷлиси намояндагон Баракатулло Атохоҷа ширкат ва суханронӣ намуданд. Сипас, аъзои маҳфили адабии «Ворисони Турсунзода» бо сарварии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуқаҳҳори Қосим аз ашъори безаволи устод Турсунзода шеърҳо қироат карда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти серҷабҳаи ӯ   маълумоти арзишманд доданд.
Ҳамчунин баъди ин чорабинӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Баракатулло Атохоҷа бо фаъолони шаҳр баргузор гардид. Баракатулло Атохоҷа бо такя ба Паёми имсолаи Сарвари Давлат, ки аз натиҷаҳои ҳафт соли гузашта ва вазифаҳоро дар ҳафт соли оянда муайян месозад, гуфтугӯи ошкорою самимӣ доир намуд. Ӯ роҳҳо ва тадбирҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз даст надодани зиракии баланди сиёсӣ, рушди соҳибкорӣ истеҳсолӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон тарбия намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, ки аз бандҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бармеояд,  суҳбати озоду самимӣ дошт.   
 
 

Май 3, 2014 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик