Гиромидошти хотири шоири бузург
Турсунзода, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дирӯз дар шаҳри Турсунзода бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири бузурги миллат, ки бо ашъори диловезаш дар кулли ҷаҳон машҳур аст, устод Мирзо Турсунзода ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Дар ҷамъомад раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоалӣ Табарзода, вакили Маҷлиси намояндагон Баракатулло Атохоҷа ширкат ва суханронӣ намуданд. Сипас, аъзои маҳфили адабии «Ворисони Турсунзода» бо сарварии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуқаҳҳори Қосим аз ашъори безаволи устод Турсунзода шеърҳо қироат карда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти серҷабҳаи ӯ маълумоти арзишманд доданд.
Ҳамчунин баъди ин чорабинӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Баракатулло Атохоҷа бо фаъолони шаҳр баргузор гардид. Баракатулло Атохоҷа бо такя ба Паёми имсолаи Сарвари Давлат, ки аз натиҷаҳои ҳафт соли гузашта ва вазифаҳоро дар ҳафт соли оянда муайян месозад, гуфтугӯи ошкорою самимӣ доир намуд. Ӯ роҳҳо ва тадбирҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз даст надодани зиракии баланди сиёсӣ, рушди соҳибкорӣ истеҳсолӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон тарбия намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, ки аз бандҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, суҳбати озоду самимӣ дошт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






