Гиромидошти Мавлоно Ҷомӣ дар Қирғизистон

Май 16, 2014 16:57

Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ  ба ифтихори 600-умин солгарди  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ — мутафаккири бузург ва шоири тавонои тоҷик конфронси илмиву амалӣ баргузор гардид.
Тавре ки Қодиршои Мурувват — муовини раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ва сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» иттилоъ дод, ин ҳамоиш  дар таърихи  15 майи соли 2014 дар  дабиристони тоҷикии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар деҳшӯрои Учқурғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканд доир шуд.
Қодиршои Мурувват  хабар дод, ки дар ин нишасти илмӣ намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии вилояти Бодканд, донишмандони тоҷику  қирғиз, мақомоти расмии Бишкеқ, оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти ин фарзанди фарзонаи тоҷик изҳори назар намуданд.
Равшанбек Собиров, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ба номи Рӯдакӣ зимни хайрамақдам гуфтани иштирокчиёни ин нишасти илмӣ, баргузории чунин ҷамъомадҳоро дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи мардумони Қирғизистону Тоҷикистон муҳим хонд.
Академик Бектемир Мирзоиброҳимов- раиси Ассамблеяи халкҳои Қирғизистон изҳор дошт, ки осор ва рӯзгори ин шахсияти барҷастаи фарҳангӣ ва руҳонии тоҷик, ки дар қарни 15 зиндагӣ кардааст, барои имрӯзиён низ дорои аҳамият буда ва қобили омӯзишу пайравӣ мебошад.
Дар ҳамоиши илмиву амалӣ инчунин  Турсунбой Бокир  намояндаи парлумони Қирғизистон, дар назди иштирокдорон сухан гуфта ва бо ҷовидонӣ унвон намудани осору рӯзгори  мавлоно таъкид кард, ки ин мутафаккири тоҷик ба тамоми инсоният тааллуқ дорад.
  Инчунин Назар Холназаров-корманди сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон- Жениш Бузурманқулов- муовини раиси вилояти Бодканд, Ҳусниддин Ғафуров- корманди масъули Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё   «Пайванд», Шарифҷони Учқурғонӣ — узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Кирғизистон, Ғафурҷон Шокиров — мудири дабиристони тоҷикии  ба номи Мавлоно Ҷомии деҳшӯрои Учқурғон  ва чанде дигарон сухан гуфтанд.  
Дар чаҳорчӯби ин конфронс гурӯҳи омӯзгорону шогирдони дабиристонҳои тоҷикии ба номи Мавлоно Ҷомӣ ва Садриддин Айнӣ ба муносибати бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ намоишгоҳи ҷолибро омода ва ба меҳмонони сершумор пешкаш намуданд. Инчунин онҳо  бо қироати намунаҳои ашъори ин орифи бузурги миллатамон, ба ҳамоиш шукӯҳу ранги идона бахшиданд. 
Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон, ки имсол 20-солагии таъсиси худро таҷлил мекунад, як созмони ҷамъиятӣ буда, ҳадафи он ҳифз ва рушди забону фарҳанг, мактабу маорифи тоҷикон дар ин ҷумҳурии ҳамсоя мебошад. 
 
 
 

Май 16, 2014 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст