Хадамот бо 5755 нафар вохӯрд
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират аз 28 март то 21 майи соли равон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 33 вохӯрӣ бо иштироки 5755 нафар фаъол ва сокини шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъ гузарониданд.
Тавре ки аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, дар доираи вохӯриҳо, гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират ба саволҳои гуногуни сокинони шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷавобҳои мушаххас доданд. Аҳолии ин ноҳияҳо бештар оид ба гирифтани иҷозаи кор, гирифтани патент, сертификати забондонӣ, суғуртакунонӣ, сабабҳои ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар мушкилиҳо савол медоданд.
Бояд зикр намуд, ки дар аксарияти вохӯриҳо кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, Созмони Байналмилалии муҳоҷират ва кормандони шуъбаҳои агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ сухан гуфтанд.
Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифтаанд, ки минбаъд ҳам дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вохӯриҳоро идома диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






