Хони идонаи шаҳрдорӣ барои марзбонон

Май 22, 2014 11:37

Душанбе, 22.05.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-28 майи соли 2014 ба таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад.  Дар иртибот ба ин барои таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ дар пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарор раиси шаҳр ба муовинон, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарону масъулини сохторҳои дахлдори пойтахт дастур додааст, ки нақшаи чорабиниҳои дар қарори мазкур дарҷгардидаро дар тамоми қисмҳои низомии пойтахт таъмин намоянд. Инчунин Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳое, ки аз тариқи эҳсонкорӣ барои дастгирии молиявии қисмҳои низомӣ ба суратҳисоби махсус ворид шудаанд, тадбирҳо андешад ва муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр ба андозаи 100 000 сомонӣ барои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар робита ба таҷлили 20-солагии ин сохтор ҷудо намояд. Инчунин аз сӯи шаҳрдорӣ дар иртибот ба таҷлили сазовори Рӯзи марзбонон -28 май дар қисмҳои низомии 2620, 2604, 9889, 2938, 2654, 2712 ва 2611, ки марбут ба Қӯшанҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, барномаҳои фарҳангию маърифатӣ ташкил шуда, барои афсарону сарбозон хони идона ороста мешавад.

Май 22, 2014 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик