Хони идонаи шаҳрдорӣ барои марзбонон
Душанбе, 22.05.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-28 майи соли 2014 ба таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад. Дар иртибот ба ин барои таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ дар пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарор раиси шаҳр ба муовинон, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарону масъулини сохторҳои дахлдори пойтахт дастур додааст, ки нақшаи чорабиниҳои дар қарори мазкур дарҷгардидаро дар тамоми қисмҳои низомии пойтахт таъмин намоянд. Инчунин Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳое, ки аз тариқи эҳсонкорӣ барои дастгирии молиявии қисмҳои низомӣ ба суратҳисоби махсус ворид шудаанд, тадбирҳо андешад ва муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр ба андозаи 100 000 сомонӣ барои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар робита ба таҷлили 20-солагии ин сохтор ҷудо намояд. Инчунин аз сӯи шаҳрдорӣ дар иртибот ба таҷлили сазовори Рӯзи марзбонон -28 май дар қисмҳои низомии 2620, 2604, 9889, 2938, 2654, 2712 ва 2611, ки марбут ба Қӯшанҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, барномаҳои фарҳангию маърифатӣ ташкил шуда, барои афсарону сарбозон хони идона ороста мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






