Ховалинг: хизматрасонии бонкӣ беҳтар мегардад
Ховалинг, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Ховалинг масъулини филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» барои баланд бардоштани рушди соҳибкорӣ, саноат, сохтмон, чорводорӣ, занбӯри асалпарварӣ ва дигар соҳаҳои мухталиф хизмат расонида, ба сокинон қарзҳои имтиёзнок медиҳанд. Ба қавли директори филиали мазкур Довудхуча Искандаров, ҳадаф аз фаъолияти филиал беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон, зиёд намудани даромаднокӣ, дар ин замина ташкил намудани фондҳои захиравию эҳтиётӣ, дуруст ба роҳ мондани сиёсати пулию қарзӣ ва мустаҳкам намудани мавқеи худ дар байни дигар бонкҳо мебошад.
Масъулини филиал бо беш аз 100 хоҷагии деҳқонию инфиродӣ, 200 нафар соҳибкори ватанӣ ва дигар ташкилотҳою муассисаҳо ҳамкории зич дошта, мувофиқи шартномаи тарафайн амал доранд. «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳия сохтори нави кортҳои пластикиро ба роҳ мондааст, ки ин раванд барои тамоми қишрҳои ҷомеа дастрас аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






