Иқдомҳои «Тоҷикстандарт» ҷиҳати баланд бардоштани сифати маҳсулот
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи амалӣ намудани нуктаҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии давлатии саноат, соҳибкории хусусӣ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ имрўз дар Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати баланд бардоштани сифати маҳсулоти омехтаи хушки сохтмонӣ ва маҳсулоти рангу бор бо иштироки намояндагони корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он, мутахассисони Пажӯҳишгоҳи кимиёвии ба номи В.И.Никитин, ташхисгоҳи масолеҳи сохтмонии назди ҶСК «ПИЛЧ САНИИОСП», Муассисаи давлатии маркази миллии патенту иттилоот машварат доир гардид.
Дар машварат масоили вазъи истеҳсол ва роҳҳои баланд бардоштани сифати омехтаи хушки сохтмонӣ, муаррифии таҷрибаи ширкати «Атрак шимии шарқ»-и Ҷумҳурии исломии Эрон ҷиҳати истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ ва баланд бардоштани сифат ва бехатарии маҳсулоти ватанӣ, аҳамияти ташхисгоҳҳо дар корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ баррасӣ шуданд.
Дар музокираҳо зикр гардид, ки дар баробари пешрафти ҳама соҳаҳои ҷомеа, талабот ба истеҳсоли маҳсулоти босифату бехатар зиёд шуда истодааст ва танҳо ҳамон маҳсулоте истеъмолкунанда ё истифодабарандаро қонеъ менамояд, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгў ва дорои сифати баланд бошанд.
Барои ин аз истеҳсолкунандагон тақозо мешавад, ки раванди технологии истеҳсолотро тибқи талабот амалӣ намуда, барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти худ ва рақобатпазирии он дар бозор аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд.
Зимни баррасии масъалаҳо ба истеҳсолкунандагон амиқ фаҳмонида шуд, ки тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — техникӣ бояд маҳсулоти истеҳсолӣ баъди истеҳсол ва риояи равандҳои технологӣ борҷома карда шаванд ва дар сатҳи чашмраси он тамғагузорӣ гардад. Дар тамғакоғаз як зумра маълумотҳо, номи корхонаи истеҳсолкунанда, суроға, санаи истеҳсол, вазни холиси маҳсулот, таркиб, хусусиятҳои техникӣ, илвагиҳои истифодашуда, тарзи нигоҳдорӣ ва муҳлати истифода дарҷ карда шаванд. Риояи чунин талабот барои ба иштибоҳ набурдани истеъмолкунанда ва истифодабаранда муҳим мебошад.
Инчунин таъкид гардид, ки дар доираи қонунвайронкуниҳо махсусан бо тамғаи молии корхонаҳои бонуфуз ба муомилот баровардани маҳсулот бештар ба назар мерасад. Дар ин робита дар давоми соли ҷорӣ якчанд ҳолати ба талабот ҷавобгў набудани маҳсулоти омехтаи хушки сохтмонӣ ва маҳсулоти рангу бор ва ба таври қалбакӣ ба муомилот баровардани ин маҳсулот бо тамғаҳои сохтакорона ошкор карда шуданд.
Дар машварат мутахассисони соҳа ба истеҳсолкунандагон оид ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ- техникӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати маҳсулоти сохтмонӣ ва иқтидори содиротии мамлакат тавсияҳо доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






