Иқдоми идона ҷиҳати гиромидошти Рӯзи кӯдакон

Май 30, 2014 11:16

Душанбе, 30.05. 2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Бо ташаббуси  Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» субҳи  1 июн дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт бо иштироки зиёда аз 2500 нафар кӯдакону наврасон ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.
Тавре ки  ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар назди даромадгоҳи марказ таълимгирандагони «Асбобҳои зарбӣ» бо навохтани дойра, таблак, карнаю сурнай меҳмононро пешвоз гирифта, ҳунармандони Театри давлатии лӯхтак бо ҳар гуна либосҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ҳунарнамоии худро нишон медиҳанд. Қад- қади бинои марказ намоиши ҳунару эҷод ва дастовардҳои кӯдакону наврасон, таълимгирандагони марказҳои эҷодии кӯдакону наврасони  шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт доир мешавад.
Дар қисмати дуюми барнома ҳамон  рӯз дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти ғолибони Фестивал- озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», ки бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда буд, баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки  дар чорабинӣ  ҷоизаҳо, диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба ғолибони Фестивал — озмун дар вазъияти тантанавӣ супорида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
 

Май 30, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик