Иқдоми идона ҷиҳати гиромидошти Рӯзи кӯдакон
Душанбе, 30.05. 2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» субҳи 1 июн дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт бо иштироки зиёда аз 2500 нафар кӯдакону наврасон ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар назди даромадгоҳи марказ таълимгирандагони «Асбобҳои зарбӣ» бо навохтани дойра, таблак, карнаю сурнай меҳмононро пешвоз гирифта, ҳунармандони Театри давлатии лӯхтак бо ҳар гуна либосҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ҳунарнамоии худро нишон медиҳанд. Қад- қади бинои марказ намоиши ҳунару эҷод ва дастовардҳои кӯдакону наврасон, таълимгирандагони марказҳои эҷодии кӯдакону наврасони шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт доир мешавад.
Дар қисмати дуюми барнома ҳамон рӯз дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти ғолибони Фестивал- озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», ки бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда буд, баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар чорабинӣ ҷоизаҳо, диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба ғолибони Фестивал — озмун дар вазъияти тантанавӣ супорида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






