Иқдоми «Интихоби ман — муҳити тоза» дар Хуҷанд

Май 30, 2014 09:14

Хуҷанд, 30.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази вилояти Суғд- шахри Хуҷанд иқдоми «Интихоби ман — муҳити тоза» идома дорад.  Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи вилоятии ҳифзи муҳити зисти Суғд  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ шудааст. 
Тавре ки аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят иттилоъ доданд, иқдоми «Интихоби ман — муҳити тоза» ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, он аз санаи 21 май то 5 июни соли равон доир мегардад. 
Яке аз ҳадафҳои асосии  баргузории иқдоми мазкур- ин  баланд бардоштани маърифати экологии шахрвандон, саҳмгузории онон баҳри беҳдошти муҳити зист буда, бо ин васила ҷамъоварӣ намудан ва безарар гардонидани  фурӯзонакхои корношоям мебошад. Дар ҷараёни иқдом  дар шаҳри Хуҷанд  4 нуқтаи қабул ташкил шудааст. 
Ҳамоиш иқдоми бурднок буда, ҳар як  шаҳрванд бар ивази супоридани 5 адад фурӯзонаки каммасрафи корношоям метавонад соҳиби чиптаҳои бурднок гардад. Ҷамъбасти иқдом дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист — 5 июн сурат мегирад. 
 
 
 

Май 30, 2014 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе