Иқдоми «Интихоби ман — муҳити тоза» дар Хуҷанд
Хуҷанд, 30.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази вилояти Суғд- шахри Хуҷанд иқдоми «Интихоби ман — муҳити тоза» идома дорад. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи вилоятии ҳифзи муҳити зисти Суғд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ шудааст.
Тавре ки аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят иттилоъ доданд, иқдоми «Интихоби ман — муҳити тоза» ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, он аз санаи 21 май то 5 июни соли равон доир мегардад.
Яке аз ҳадафҳои асосии баргузории иқдоми мазкур- ин баланд бардоштани маърифати экологии шахрвандон, саҳмгузории онон баҳри беҳдошти муҳити зист буда, бо ин васила ҷамъоварӣ намудан ва безарар гардонидани фурӯзонакхои корношоям мебошад. Дар ҷараёни иқдом дар шаҳри Хуҷанд 4 нуқтаи қабул ташкил шудааст.
Ҳамоиш иқдоми бурднок буда, ҳар як шаҳрванд бар ивази супоридани 5 адад фурӯзонаки каммасрафи корношоям метавонад соҳиби чиптаҳои бурднок гардад. Ҷамъбасти иқдом дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист — 5 июн сурат мегирад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






