Ифтитоҳи аввалин гипермаркетҳои «Ашан» дар Тоҷикистон

Май 7, 2014 08:54

Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — «Шивер»- ширкати бузурги Фаронса  мехоҳад яке аз шабакаҳои тиҷоратии худ — «Ашан»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд фаъол намояд. Ин нукта дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо президенти ин ширкат Винсент Пик ва ҳайати баландпояи он таъкид гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳҳои ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Шабакаи «Ашан» холдинги бузурги фаронсавӣ буда, дар ҷаҳон беш аз ҳазор супермаркет ва гипермаркетҳоро муттаҳид мекунад ва ҳамарӯза ба беш аз садҳо миллион нафар хизмат мерасонад. Самти асосии кори ин шабакаи тиҷоратӣ нигоҳдории номгӯи васеи маҳсулот, пеш аз ҳама маҳсулоти ширкатҳои сатҳи ҷаҳонӣ, паст кардани нархи мавод аз ҳисоби харидории яклухти маҳсулот бидуни миёнаравҳо, омӯзиши ҳамарӯзаи талаботи харидорон ва ғайра мебошад. Шумораи расмии коргарони ин шабака 230 ҳазор нафар буда, бо кушодани нуқтаҳои нави савдо шумораи онҳо торафт меафзояд. Роҳбарияти ширкат ният дорад, дар маркази вилоят ва атрофи он низ гипермаркет бунёд намояд ва сокинони вилоятро бо маҳсулоти тоза ва босифати ширкатҳои сатҳи ҷахонӣ таъмин кунад. Дар навбати худ «Ашан» тасмим дорад дар мавриди пешниҳоди маҳсулоти дохилии вилоят ба харидорони хориҷӣ саҳмгузор бошад.
Шабакаи савдоии «Ашан» метавонад барои тиҷорат мева, хусусан зардолу, навъҳои гуногуни нони маҳаллӣ, маҳсулоти дастибофи бонувони вилоят, либоси хушсифати пахтагини корхонаҳои истеҳсолӣ ва намунаи ҳунарҳои халқии тоҷикиро истифода барад. Винсент Пик ба паҳлӯи дигари оғози фаъолияти ширкат — қувваи корӣ, шароити интиқоли маҳсулот ва ташкили пойгоҳи захиравӣ мароқ зоҳир намуд. Таъсиси маркази бузурги савдои ин ширкат ҷихати таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор низ мусоидат хоҳад кард.
Мавриди таъкид аст, ки шабакаи савдои «Ашан»  дар қаламрави Осиёи Миёна аввалин гипермаркетҳои худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
 

Май 7, 2014 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?