Ифтитоҳи аввалин гипермаркетҳои «Ашан» дар Тоҷикистон
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — «Шивер»- ширкати бузурги Фаронса мехоҳад яке аз шабакаҳои тиҷоратии худ — «Ашан»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд фаъол намояд. Ин нукта дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо президенти ин ширкат Винсент Пик ва ҳайати баландпояи он таъкид гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳҳои ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Шабакаи «Ашан» холдинги бузурги фаронсавӣ буда, дар ҷаҳон беш аз ҳазор супермаркет ва гипермаркетҳоро муттаҳид мекунад ва ҳамарӯза ба беш аз садҳо миллион нафар хизмат мерасонад. Самти асосии кори ин шабакаи тиҷоратӣ нигоҳдории номгӯи васеи маҳсулот, пеш аз ҳама маҳсулоти ширкатҳои сатҳи ҷаҳонӣ, паст кардани нархи мавод аз ҳисоби харидории яклухти маҳсулот бидуни миёнаравҳо, омӯзиши ҳамарӯзаи талаботи харидорон ва ғайра мебошад. Шумораи расмии коргарони ин шабака 230 ҳазор нафар буда, бо кушодани нуқтаҳои нави савдо шумораи онҳо торафт меафзояд. Роҳбарияти ширкат ният дорад, дар маркази вилоят ва атрофи он низ гипермаркет бунёд намояд ва сокинони вилоятро бо маҳсулоти тоза ва босифати ширкатҳои сатҳи ҷахонӣ таъмин кунад. Дар навбати худ «Ашан» тасмим дорад дар мавриди пешниҳоди маҳсулоти дохилии вилоят ба харидорони хориҷӣ саҳмгузор бошад.
Шабакаи савдоии «Ашан» метавонад барои тиҷорат мева, хусусан зардолу, навъҳои гуногуни нони маҳаллӣ, маҳсулоти дастибофи бонувони вилоят, либоси хушсифати пахтагини корхонаҳои истеҳсолӣ ва намунаи ҳунарҳои халқии тоҷикиро истифода барад. Винсент Пик ба паҳлӯи дигари оғози фаъолияти ширкат — қувваи корӣ, шароити интиқоли маҳсулот ва ташкили пойгоҳи захиравӣ мароқ зоҳир намуд. Таъсиси маркази бузурги савдои ин ширкат ҷихати таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор низ мусоидат хоҳад кард.
Мавриди таъкид аст, ки шабакаи савдои «Ашан» дар қаламрави Осиёи Миёна аввалин гипермаркетҳои худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






