Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ дар Спитамен
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари худ ба ноҳияи Спитамен дар деҳаи Саидқӯрғон ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Муҳайё & СО» оғоз бахшид.
Коргоҳи мазкур дар асоси дастуру супориши Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов қомат афрохта, барои бунёд намудани ин иншоот 1 милиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст.
Дар толори коргоҳи навтаъсис намоиши дастранҷи ҳунармандони ноҳия, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, либоси миллӣ, асбобҳои мусиқӣ баргузор гардид. Роҳбари вилоят ба асбобҳои мусиқии пешкаш гардида, ки маҳсули меҳнати устоҳои ҳамин ноҳия мебошанд, мароқ зоҳир намуда, дастур дод, ки ин асбобҳо бояд мавриди истифодаи аҳли санъати вилоят қарор гиранд.
Дар сехи дӯзандагии коргоҳ зиёда аз 100 нафар бону бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст. Тавре ки иттилоъ дода шуд, иқтидори солонаи корхона ба истеҳсоли 50 ҳазор дона либоси мактабӣ ва 30 ҳазор либоси миллӣ баробар аст. Дар коргоҳ асосан занону духтарони ҳамин деҳа ба кори доимӣ ҷалб гардида, ҳаҷми миёнаи маоши онҳо 500 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






