Ифтитоҳи маркази омӯзишӣ дар ҷамоати Ворух
Хучанд, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар яке аз дурдасттарин минтақаҳои шимоли кишвар-ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара бо ташаббус ва кӯмаки бевоситаи бахши суғдии Кумитаи Имдоди Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд ду маркази омӯзишӣ: дӯзандагӣ ва компютерӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Минбаъд дар маркази дӯзандагӣ дар ду баст 20 нафар духтар ва дар бахши компютерӣ 10 нафар ҷавон ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Баҳри фаъолияти самараноки марказ аз ҷониби Кумитаи Имдод 8 адад мошинаи дӯзандагии замонавӣ ва 5 адад дастгоҳи компютерӣ ҳадя гардид.
Боиси зикр аст, ки имрӯз бо кӯмаки Кумитаи Имдод дар 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд 26 маркази омӯзишӣ дар бахшҳои дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, заргарӣ, кафшергарӣ, мутахассиси техникаи санитарӣ ва компютерӣ амал мекунад, ки ҳамарӯза дар он наздик ба 600 нафар ҷавон бо омӯзиши ройгон фаро гирифта мешавад. Дар умум то имрӯз дар марказҳои зерин наздики 8 ҳазор сокини вилоят омӯзиш гирифтааст.
20 май инчунин аз тарафи Сарраёсати Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд дар ҷамоати мазкур коргоҳи омӯзиши қаннодӣ низ ба фаъолият шурӯъ намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






