Ифтитоҳи Спартакиадаи VIII донишҷӯёни коллеҷҳо
Хуҷанд, 24.05.2014. ( АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дирӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, ки бештар аз 80 сол инҷониб дар таълиму тадриси кормандони миёнаи тиб саҳм мегузорад, тантанаи ифтитоҳи Сапартакиадаи VIII донишҷӯёни коллеҷҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи идҳои «Рӯзи ҷавонон», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», 20-солагии Сарқонуни ҶТ, «Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ» оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин спартакиада байни 16 коллеҷи таълимии тиббии давлатию ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳои ҶТ донишҷӯён қувваозмоӣ доранд.
Сапартакиада аз 23 то 25-уми май давом намуда, варзишгарон аз рӯи намудҳои волейболи писарона ва духтарона, баскетболи духтарона ва намуди варзиши армспорт (дастхобонӣ) мусобика менамоянд.
Мусобиқа рӯзи 25-уми май дар бинои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст мегардад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» ҷонишини директор оид ба таълим, котиби масъули спартакиада Шуҳрат Бобоев иттилоъ дод.
.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






