Имкониятҳои истифодаи манбаъҳои таҷдиди неруи барқ
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). — Чанде пеш директори Маркази оид ба рушди неругоҳҳои хурди барқии Тоҷикистону Норвегия Қодиров Фурқат ва менеҷери лоиҳаҳо Саидова Дилором аз маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуданд, ки мақсад аз он таҳқиқи вазъи таъмини корхонаҳои саноатии Минтақаи озоди иқтисодӣ бо неруи барқ ба манзури роҳандозии технологияҳои сарфакунандаи барқ буд.
Дар ин маросим роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Фирдавс Олимов ва кормандони гурӯҳи тарҳрезии стратегӣ ширкат доштанд.
Тавре ки аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» хабар доданд, маркази рушди гидроэнергетикаи хурди Тоҷикистону Норвегия дар асоси Ёддошти ҳусни тафоҳуми байни Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир маркази Норвегияю Тоҷикистон лоиҳаеро дар амал татбиқ менамояд, ки мақсад аз он таҳлили фоидабахшии гидроэнергетика ва ироаи тавсияю пешниҳодҳо барои истифодаи манбаъҳои таҷдиди неруи барқ аст.
Дар ҷараёни мулоқот масоили насби генераторҳои бодӣ ва дастгоҳҳои офтобии тавлиди неруи барқ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ ва аҳамияти дастгоҳҳои мазкур барои беҳдошти фаъолияти ниҳодҳои минтақаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






