Имкониятҳои тиҷоратии ПСС бо Афғонистон ва Покистон

Май 22, 2014 13:55

Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Имрӯз, 22 майи соли 2014 бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ   бо лоиҳаи USAID  оид ба рушди савдо ва даромади Афғонистон бо мақсади омӯзишӣ имкониятҳои тиҷоратӣ  бо Афғонистон ва Покистон  мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудаввари мазкур барои форуми минбаъдаи «Бизнес барои бизнес», ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорон аз Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон барпо гардид, замина  мегузорад. Инчунин иштироки намояндагони ширкатҳо, ки дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ  ва масолеҳи сохтмонӣ  фаолият мекунанд, аз ҷумла намояндагони соҳаҳои нақлиёт  ва бонк дар форуми «Бизнес барои бизнес»  пешбинӣ мегардад. 
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва USAID бо мақсади барпо намудани робита миёни аҳли тиҷорат ва саноат дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки боиси афзоиши додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодиёти солим мегардад, дар якҷоягӣ ҳамкорӣ мекунанд.
 

Май 22, 2014 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд