Имзои 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус
Душанбе, 24.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишгоҳи аграрии Гродно;Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Беларус;Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати давлатии Беларус оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноати сабук «Беллегпром»;Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати давлатии миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Беларус;Созишнома миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус;Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус;Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус;Нақшаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои ҳориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҳориҷии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2014-2015;Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Беларус;Дар охир Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус аз ҷониби сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расид.Зимни изҳороти матбуотӣ роҳбарони ду давлат ба натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯзаи баҳои баланд дода, дурнамои густариши робитаҳоро басо умедворкунанда номиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






