Имзои 9 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон
Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии ҳарду кишвар дар шаҳри Душанбе 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз ҷумла, Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2014-2016;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2015-2016;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои соли 2015;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон;
Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ.
Маврид ба зикр аст, ки имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ба рушду густариши ҳамаҷонибаи муносиботи Тоҷикистону Туркманистон заминаҳои боэътимод гузошта, ба тавсеаи минбаъдаи онҳо мустақиман мусоидат мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






