Имзои Созишномаи байни палатаҳои Тоҷикистон ва Ар — Риёд
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид дар ҳошияи Анҷумани иқтисодии «Лигаи кишварҳои Араб +Осиёи Марказӣ + Озарбойҷон» бо раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Ар – Риёд (Арабистони Саудӣ) Абдураҳмон бани Абдуллоҳ ал – Замил мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии мулоқот иборат аз рушди фаъолияти палатаҳо, ҳамчунин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду кишвар буд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни гуфтушунид дурнамои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, аз ҷумла роҳҳои рушду таҳкими ҳамкории мустақими соҳибкорон, бунёди корхонаҳои муштарак, ҷалби сармояҳои инфиродӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистонро маврди муҳокима қарор доданд.
Шариф Саид ва Абдураҳмон бани Абдуллоҳ ал – Замил аз рӯи натиҷаи мулоқот Созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд, ки он қадами наве дар рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду кишвар мебошад.
Созишнома ташкили иштироки соҳибкорони ҳар ду кишвар дар анҷуманҳои доимӣ ва омӯзишу татбиқи имкониятҳои ҳамкориро дар назар дорад. Ҷонибҳо ҳамчунин дар ҳошияи созишнома барои ташкили иштироки соҳибкорони ҳар ду кишвар дар конфронсҳо, намоишгоҳҳо ва форумҳои тоҷирону соҳибкорон ба якдигар кӯмак менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






