Имзои Ёддошти ҳусни тафоҳум

Май 20, 2014 14:22

  Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар). —  Имрӯз,  20  май,  дар  маркази  матбуоти Намоишгоҳи  байналмилалии  Шанхай маросими имзои Ёддошт  дар  бораи  ҳусни тафоҳуми байни  Котиботи  Созмони  Ҳамкории   Шанхай  ва Котиботи Машварат  оид ба  ҳамкорӣ ва  тадбирҳои  ҳусни  тафоҳум  дар  Осиё  бо  иштироки Дабири  кулли СҲШ  Дмитрий  Мезентсев  ва Директори  иҷроияи  Машварат оид ба  ҳамкорӣ  ва  тадбирҳои  ҳусни  тафоҳум  дар  Осиё Чинор Алдемир баргузор  гардид.
Ҷонибҳо  омодагии  худро  ба  густариши  ҳамкории  мутақобилан  муфиду   судманд  аз  рӯи  масоили таъмини  амнияту  суботи минтақа,  муборизаи  зидди терроризм  ва  гардиши  ғайриқонунии  маводи  нашъаовар, муқовимат  ба хавфу хатарҳои нав  тасдиқ  намуданд.
Ин  чорабинӣ ба  ифтихори  мулоқоти 1У сарони   давлатҳо  ва раисони  ҳукуматҳои давлатҳои  аъзои Машварат, ки  аз 20 то  21  дар  шаҳри  Шанхай  идома  меёбад,   роҳандозӣ  шуд.

Май 20, 2014 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд