Ишғоли ғайриқонунии қитъаи замин ошкор шуд
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, рӯзи 26 майи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян шуд, ки сокини 57-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Ниёзматов, моҳи январи соли 2014, худсарона аз ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара 79 метри мураббаъ қитъаи заминро бе ягон ҳуҷҷати расмӣ ишғол намуда, дар он бинои истиқоматӣ бунёд кардааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Сарчашма ҳамчунин хабар медиҳад, ки сокини 36-солаи ноҳияи Шаҳристон Мавлонқул Шукуров низ ҳамин тариқ моҳҳои август-ноябри соли 2013 аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Шукуров»-и ноҳияи мазкур худсарона 104,58 метри мураббаъ қитъаи заминро бе ягон ҳуҷҷати расмӣ ишғол намуда, дар он бинои истиқоматӣ сохтааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






