Иштирок дар бозиҳои байналмилалии Делфӣ

Май 8, 2014 08:59

Душанбе, 08.05.2014. (НИАТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Рӯзҳои 2-7 майи соли 2014 дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия бозиҳои аврупоии Делфӣ таҳти шиори «Фарҳанг- омили рушд» баргузор гардид.
Дар он иштирокдорон аз рӯйи 17 номгӯй, аз ҷумла фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, баян/аккордеон, саксофон, овозхонии академӣ, овозхонии мардумӣ, овозхонии эстрадӣ, рақси халқӣ, рақси муосир, расмгирӣ, санъати таббохӣ, дизайни либос, ди-джей, сирк, асбобҳои мусиқии халқӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ қувваозмоӣ намуданд. 
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, дар чорабиниҳои бозиҳои байналмилалии Делфӣ, ки наврасони аз 14 то 19-соларо фаро мегирад, муҳассили Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Салимов Ч.К., хонандагони мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ Зебунисо Мирова, Баҳромзода Асрина ва Фаёз Холов бо роҳбарии устодони худ Макиевская В.В., Ғуломҳайдаров Г.Г. ва Латипова В.Д. қувва озмуданд.
Бояд зикр намуд, ки  ба ҳайати ҳакамони бозиҳои байналмилалии Делфӣ Шӯҳрат Ашӯров — композитор, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шомил буд.
 
 

Май 8, 2014 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик