Иштироки 11 донишҷӯ дар «Ҳафтаи худидоракунӣ»

Май 13, 2014 14:55

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Аз 12 то 17 май  11 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳафтаи идораи мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  иштирок доранд.
Тавре, ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, ин тадбир тибқи қарори раиси вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ва шиносоии донишҷӯён бо низоми давлатдориву идора, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва таъмин намудани эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ  бо кадрҳои баландихтисос, ташкили захираи кадрҳо ва дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида мешавад.
Ин манбаъ афзуд, ки интихоби донишҷӯён дар ҳафтаи худидоракунӣ аз тариқи озмун сурат гирифта, даври аввали озмун дар факултаҳо, даври дуюм дар Раёсати донишгоҳ ва даври сеюм аз ҷониби ҳайати комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз тариқи суҳбат бо муайян намудани  сатҳи дониши тахассусӣ , сиёсӣ  ва ҳуқуқӣ , донистани забонҳои хориҷӣ , бурдани корҳои илмӣ -тадқиқотӣ, чопи маводи илмӣ  сурат мегирад. Аз байни наздик 40 нафар довталаби даври дуюм  11 нафар интихоб гардид.
Донишҷӯён дар ҳафтаи худидоракунӣ баъди гузаштани машғулиятҳои омӯзишӣ  ва шиносоӣ  бо роҳбарони сохторҳо давоми 6 рӯз имконият пайдо мекунанд, ки дар ин ё он вазифа кору фаъолият баран два дар раванди ҳалли яке аз масъалаҳо мустақилона иштирок намояд. Донишҷӯён дар вазифаҳои мудири шуъба, сардори идора ва то муовини раиси вилоят кор мекунанд. Баъди ҳафтаи худидоракунӣ  ба онҳо «Гувоҳномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ»  дода мешавад.
 
 
 

Май 13, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст