Иштироки Э.Раҳмон дар форуми васеи соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Баҳрайн

Май 28, 2014 13:30

Душанбе, 28.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи дуюми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Баҳрайн бо иштирок дар форуми васеи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар оғоз ёфт.Аз ҳарду ҷониб дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ба ҳам омаданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш суханронӣ намуда, шахсан фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистонро ба соҳибкорони бонуфузи Баҳрайн муаррифӣ кард ва онҳоро ба ташкил ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш даъват намуд.Тавре зикр гардид, тайи чанд соли охир тавассути амалӣ намудани ислоҳоти ҷиддӣ барои соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 40 имтиёз муайян карда шудааст.Зимни суханронии Вазири саноат ва савдои Шоҳигарии Баҳрайн Ҳасан Фахру ва пурсишу посух бо соҳибкорони ин давлати пешрафтаи араб, аз ҷумла аён гардид, ки онҳо ба сармоягузорӣ ва ташкили ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла энергетикаи барқӣ, нафту газ, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар бисёр ҳавасманд мебошанд.Мулоқоту суҳбатҳои зиёд бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар баргузор шуд, ки зимни онҳо тавофуқоти бисёри ҳамкорӣ ҳосил шуд.

Май 28, 2014 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад