Иштироки Президент дар ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ

Май 27, 2014 11:50

 
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт ба истиқболи солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли марзбонон ва ҳамаи мардуми кишварро бо фарорасии солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт.
Тавре зикр гардид, дар зарфи 20 сол аз ҷониби марзбонони тоҷик 17 ҳазор вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ дастгир шудаанд, Зимни 400 амалиёти ҷангӣ дар сарҳад 20 тонна маводи мухаддир, 1000 адад аслиҳаи оташфишон ва беш аз 306 ҳазор лавозимоти ҳарбӣ аз марзшиканон мусодира карда шудааст.
Барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити хизматию маишии нерӯҳои сарҳадӣ дар ин муддат 120 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфта, даҳҳо биною иншооти дигар навсозӣ шудааст ва сохтмони боз 100 дидбонгоҳи дигар идома дорад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби таваҷҷуҳи муҳофизони Ватан ба равандҳои номатлуби сиёсию иҷтимоӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва кӯшишҳои ба муноқишаҳои мусаллаҳона кашидани минтақаҳои мухталифи  олам онҳоро ба зиракию ҳушёрии мудом, омодагии баланди ҳарбӣ, ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва тарбияи насли ҷавону ояндаи кишвар дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
Сипас як гурӯҳ ходимони низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки хизматҳои шоёни таҳсин намудаанд, бо ордену медаҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 2, медалҳои Ҷасорат, Шафқат, Марзбони шуҷои Ватан ва Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Ба полковники соҳибтаҷриба Баҳриддин Муъминҷонзода, ки дар сохторҳои гуногуни низомӣ хизматҳои шоиста анҷом додааст, рутбаи навбатии генерал-майор дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 27, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд