Иштироки Президент дар ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт ба истиқболи солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли марзбонон ва ҳамаи мардуми кишварро бо фарорасии солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт.
Тавре зикр гардид, дар зарфи 20 сол аз ҷониби марзбонони тоҷик 17 ҳазор вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ дастгир шудаанд, Зимни 400 амалиёти ҷангӣ дар сарҳад 20 тонна маводи мухаддир, 1000 адад аслиҳаи оташфишон ва беш аз 306 ҳазор лавозимоти ҳарбӣ аз марзшиканон мусодира карда шудааст.
Барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити хизматию маишии нерӯҳои сарҳадӣ дар ин муддат 120 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфта, даҳҳо биною иншооти дигар навсозӣ шудааст ва сохтмони боз 100 дидбонгоҳи дигар идома дорад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби таваҷҷуҳи муҳофизони Ватан ба равандҳои номатлуби сиёсию иҷтимоӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва кӯшишҳои ба муноқишаҳои мусаллаҳона кашидани минтақаҳои мухталифи олам онҳоро ба зиракию ҳушёрии мудом, омодагии баланди ҳарбӣ, ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва тарбияи насли ҷавону ояндаи кишвар дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
Сипас як гурӯҳ ходимони низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки хизматҳои шоёни таҳсин намудаанд, бо ордену медаҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 2, медалҳои Ҷасорат, Шафқат, Марзбони шуҷои Ватан ва Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Ба полковники соҳибтаҷриба Баҳриддин Муъминҷонзода, ки дар сохторҳои гуногуни низомӣ хизматҳои шоиста анҷом додааст, рутбаи навбатии генерал-майор дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






