Иштироки сарони давлатҳои хориҷӣ дар мулоқоти Шанхай
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар). – Назар ба хабари Агентии Синхуа, дар мулоқоти пешорӯи намояндагони олирутбаи Машварат аз рӯи масъалаи ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Шанхай баргузор мегардад, 11 нафар сарони давлатҳои хориҷӣ 1 нафар сардори ҳукумат ва 10 нафар роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
18 май муовини вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Чэн Гопин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки машварат аз 20 то 21 май дар шаҳри Шанхай баргузор мегардад.
Президентҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Шри – Ланка дар байни 11 нафар сарони кишварҳои хориҷӣ мебошанд.
Мувофиқи хабари Агентии Синхуа, дар ҳошияи мулоқот Президенти ФР Владимир Путин, Президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ба Чин ташрифи давлатӣ меоранд.
Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари Ҳукумати Камбоҷа Хун Сен ва Дабири кулли СММ Пан Ги Мун иштирок мекунанд.
Дар назар аст, ки раиси ҶМЧ Си Синзинпин дар ҳошияи мулоқот бо баъзе роҳбарони кишварҳои хориҷӣ вохӯриҳои дуҷониба доир менамояд.
Хотирнишон месозем, ки дар ҳоли ҳозир Машварат аз рӯи масъалаи ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё 24 давлати аъзо ва 13 давлату созмонҳои мушоҳидро дар бар мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






