Иштироки вазири ВКД дар маросими савганди сарбозони нав

Май 16, 2014 11:13

Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас  Темурзода). – «Сарбозон  баъди  хидмат  дар  қисми  ҳарбӣ   метавонанд  дар  сафҳои  мақомоти  корҳои  дохилӣ  кор  кунанд», —  гуфт  вазири  корҳои  дохилӣ  Раҳимзода  Рамазон  Ҳамро  дар  маросими  савганд ёд  кардани  сарбозони  нави  қисми  ҳарбии  5453 УВВ.
Тавре  ки  ВКД  ҶТ  хабар  медиҳад,  дар  ин  маросими ботантана  волидайн ва  хешу  таборони сарбозони нав ширкат  доштанд. «Мо  аминем, ки аскарони  нав  ба  савганди  худ  вафо  карда,  баҳри Ватани  азизамон  поквиҷдонона  хидмат  мекунанд», — гуфт  вазири  ВКД. 
Қобили  зикр  аст, ки Ҳукумати  ҷумҳурӣ  ва  роҳбарияти  Вазорати  корҳои  дохилӣ  ба  таъмини  қисмҳои  ҳарбӣ  бо таҷҳизоти  муосир таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  менамоянд.
Раҳимзода  Рамазон  Ҳамро аз  маҷмааи  тансиҳатии  «Садбарг» — и  назди Вазорати  корҳои дохилӣ   боздид  намуда,  бо  ҷараёни  ободонии  маҷмааи  мазкур  шинос  шуда,  барои  беҳдошти  шароити   хидматрасонӣ  дастурҳои  мушаххас  дод. 

Май 16, 2014 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?