Иштироки вазири ВКД дар маросими савганди сарбозони нав
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода). – «Сарбозон баъди хидмат дар қисми ҳарбӣ метавонанд дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ кор кунанд», — гуфт вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маросими савганд ёд кардани сарбозони нави қисми ҳарбии 5453 УВВ.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар ин маросими ботантана волидайн ва хешу таборони сарбозони нав ширкат доштанд. «Мо аминем, ки аскарони нав ба савганди худ вафо карда, баҳри Ватани азизамон поквиҷдонона хидмат мекунанд», — гуфт вазири ВКД.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба таъмини қисмҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоти муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз маҷмааи тансиҳатии «Садбарг» — и назди Вазорати корҳои дохилӣ боздид намуда, бо ҷараёни ободонии маҷмааи мазкур шинос шуда, барои беҳдошти шароити хидматрасонӣ дастурҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






