Изҳороти Маркази матбуотии Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ

Май 24, 2014 14:38

Душанбе, 24.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо дарки масъулият изҳор медорад, ки соати 00:43 дақиқаи шаби 24-уми майи соли 2014 шахсони номаълум дар ду автомошинаи сабукрав кӯшиши ҳамла ба бинои маъмурии Раёсатро карда, гранатаи дастии навъи «РГД-5»-ро ба сӯйи дарвозаи бино партофтанд. Дар натиҷаи чунин амалиёти террористӣ таркиш ба амал омад. Ҳамчунон аз яроқи тамғаи Калашников ба бинои маъмурии Раёсати КДАМ ҳуҷум карданӣ шуданд. Наряди посбонии Раёсат, мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, бо мақсади пешгирии талафоти ҷонии ҳайати шахсӣ ва муҳофизати объекти махсусан муҳими давлатӣ аз яроқи оташфишон истифода кард. Дар натиҷа яке аз ҳуҷумкунандагон Паллаев Азамат, с.т. 1994, зода ва истиқоматкунандаи хонаи 24-и кучаи Қирғизстони ш.Хоруғ дар ҷойи ҳодиса захм бардошта, ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, иштирокчиёни ин амали террористӣ Ноёбшоев Аслишоҳ, с.т. 1986, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Сучони ноҳияи Шуғнон ва Айдарбеков Наврӯз, с.т. 1997, зода ва истиқоматкунандаи хонаи 36-и кўчаи Айнии ш.Хоруғ бинобар гирифтани ҷароҳати вазнин дар беморхонаи марказии вилоятӣ бистарӣ гаштанд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса қисматҳои таркидаи гранати ҷангии РГД-5 ва теъдоди зиёди гилзаҳои қутраш 5, 45–и автомати «Калашников» ва пистолети тамғаи «Макаров» дарёфт ва дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд. Ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна иғвоангезӣ ва эҷоди беэътимодӣ байни намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз сокинони шаҳри Хоруғ қотеъона талаб карда мешавад, ки оромию эътидолро нигоҳ дошта, аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонуние, ки ба амният ва сулҳу субот таҳдид ворид месозанд, ҷиддан худдорӣ намоянд. Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон дар Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон бо қотеъияти том изҳор медорад: Ба тамоми кўшишҳои ашхос ва гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба мақсади зарар расонидан ба кормандони КДАМ, шахс, чамъият ва объектҳои муҳими давлатӣ равона карда мешаванд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, посухи сазовор дода мешавад.
 
Маркази матбуотии Раёсати КДАМ ҶТдар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонш.Хоруғ, 24-уми майи соли 2014

Май 24, 2014 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст