Кӣ ба идораҳои фурӯши барқ зарар мерасонад?

Май 19, 2014 10:07

Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳафтаи гузашта кормандони милитсия якчанд далели бо роҳи дуздӣ истифода бурдани қувваи барқро аз ҷониби бархе аз соҳибкорони инфиродӣ ошкор намуданд. Соҳибкорон  ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ ва буҷети давлат зарари калони моддӣ мерасондаанд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб шаҳрванд Сафар Бекназаров, сокини ноҳияи Восеъ дастгир  шуд. Номбурда ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, бе иҷозатномаи шабакаҳои фурӯши барқи ноҳия дар хонаи истиқоматиаш 2 адад танӯри барқиро бо хати барқии 04 КВ  пайваст намуда, қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, дар натиҷа ба идораи фурӯши барқии ноҳия ба маблағи 2533 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Дар ноҳияи Қумсангир сокини ҳамин ноҳия Давлатмурод Ҳасанов аз моҳи июли соли 2013 то инҷониб ба соҳибкорӣ машғул шуда, мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро ба шаҳрванд Бахтиёр Абдураҳмонов, сокини ноҳияи мазкур ба иҷора дода, қоидаҳои истифодаи қувваи барқро дағалона вайрон намудааст. Номбурда ноқилҳои барқиро берун аз ҳисобкунак пайваст карда, қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода мебурд. Дар натиҷа ба шуъбаи фурӯши барқи ноҳия ба маблағи умумии 15 065 сомонӣ  зарари моддӣ расонида шудааст.
Шаҳрванд Манучеҳр Ахмедов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ дастгир  шуд, ки ӯ дар хонаи истиқоматиаш ба воситаи асбоби кафшергарӣ дарҳои оҳанин месохтааст.  Номбурда ноқилҳои барқиро берун аз ҳисобкунак пайваст карда, қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода намуда, дар натиҷа ба шуъбаи фурӯши барқи ноҳия ба маблағи умумии 1229 сомонӣ  зарари моддӣ расондааст.
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур бо моддаи 253 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 
 
 

Май 19, 2014 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад