Кӣ ба идораҳои фурӯши барқ зарар мерасонад?
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳафтаи гузашта кормандони милитсия якчанд далели бо роҳи дуздӣ истифода бурдани қувваи барқро аз ҷониби бархе аз соҳибкорони инфиродӣ ошкор намуданд. Соҳибкорон ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ ва буҷети давлат зарари калони моддӣ мерасондаанд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб шаҳрванд Сафар Бекназаров, сокини ноҳияи Восеъ дастгир шуд. Номбурда ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, бе иҷозатномаи шабакаҳои фурӯши барқи ноҳия дар хонаи истиқоматиаш 2 адад танӯри барқиро бо хати барқии 04 КВ пайваст намуда, қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, дар натиҷа ба идораи фурӯши барқии ноҳия ба маблағи 2533 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Дар ноҳияи Қумсангир сокини ҳамин ноҳия Давлатмурод Ҳасанов аз моҳи июли соли 2013 то инҷониб ба соҳибкорӣ машғул шуда, мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро ба шаҳрванд Бахтиёр Абдураҳмонов, сокини ноҳияи мазкур ба иҷора дода, қоидаҳои истифодаи қувваи барқро дағалона вайрон намудааст. Номбурда ноқилҳои барқиро берун аз ҳисобкунак пайваст карда, қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода мебурд. Дар натиҷа ба шуъбаи фурӯши барқи ноҳия ба маблағи умумии 15 065 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Шаҳрванд Манучеҳр Ахмедов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ дастгир шуд, ки ӯ дар хонаи истиқоматиаш ба воситаи асбоби кафшергарӣ дарҳои оҳанин месохтааст. Номбурда ноқилҳои барқиро берун аз ҳисобкунак пайваст карда, қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода намуда, дар натиҷа ба шуъбаи фурӯши барқи ноҳия ба маблағи умумии 1229 сомонӣ зарари моддӣ расондааст.
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур бо моддаи 253 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






